Баргузории вохури бо донишҷуёни Факултети идораи замин ва геодезияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.
01 июни соли 2026 дар партави татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бахшида ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Факултети идораи замин ва геодезияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо донишҷуён вохӯрии илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар раванди чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони «Атом»-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ — Собирова Мавзуна, Музафаров Авзалшоҳ, Шокиров Манучеҳр ва Баҳронов Соҷидхон маърузаҳо ба шунавандагон вобаста маълумоти муфассал оид ба нақш ва ҷойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пешрафти илми ватанӣ, дастовардҳои муҳими илмӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешниҳод гардид. Ҳамчунин фаъолияти Озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, самтҳои асосии таҳқиқотӣ ва нақши он дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, “радиатсия чист ва таъсири он ба ҳаёти инсон”, ҳамчунин ҷалби онҳо ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пешкаши шунавандагон намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи ҳадафҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ, дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ баргузор гардида, аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон бо таваҷҷуҳи зиёд ва арзёбии мусбат пазируфта шуд. Мазмуну муҳтавои чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи савияи донишу малакаи хонаддагон дар ин самт, мусоидат намуда, аҳаммияти онро дар раванди таълиму тарбия ва пешбудри илми тоҷик боз ҳам тақвият бахшид. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ ҷалби ҷавонон баҳри пешбурди иолми тоҷик дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ дар давоми сол ба таври мунтазам идома дода мешавад.